qlinkv (qlinkv)
О себе
Образование: Высшее
Сайт автора: http://ladyon-line.ru/kak-segodnya-zarabatyvayut-deti/
Skype: linkobir
О себе:
Мы научим ваших детей как начать зарабатывать деньги с раннего возраста. В нашем сайте есть все для ваших детей и для вас. Только лучшие бизнес идеи.
Дар фалсафа инсон аз ду нигох мавриди барраси карор мегирад: хамчун мавчудоти биологи ва хамчун мавчудоти ичтимои. Хамчун мавчудоти ичтимои инсон дорои як катор арзишхо мебошад, ки дар мачмуъ онро хамчун фард дар чомеа муаррифи мекунанд.
Шаъну шараф ва эътибори кори аз зумраи чунин неъматхо мебошанд, ки бегонашаванда ва мукаддасанд.[1] Ин арзишхои инсони дар тули таърихи инкишофи башарият хамчун хосияти ифодасозандаи чанбаи ичтимоии инсон уро пайгири мекард. Ин арзишест, ки доими ва абадист. Хатто дар чамъияти ибтидои низ масъалаи шаъну шараф мубрам буд. Яке барои хифзи шаъну шарафи худ талош меварзид, дигаре бинобар фурухтан ё паст задани шаъну шарафаш худро ба дор меовехт.[2]
Имруз, ки дар Чумхурии Точикистон дар сатхи Конститутсия инсон хамчун арзиши оли эътироф гаштааст, масъалаи шаъну шараф ва эътибори кори боз хам марокангез ва чолиби диккат гаштааст. Сабаб дар он аст, ки инкишофи шахсият махз аз хамин вобаста аст.
Дар чомеаи демократи ва хукукбунёд, ки имруз Чумхурии Точикистон кадамхои нахустини худро ба суи онхо ниходааст, эътироф ва эхтироми хукуку озодихои инсон накши халкунанда дорад. Эътироф ва эхтироми хукуку озодихои инсон маънои эътироф ва эхтироми шаъну шараф ва эътибори инсонро дорад.
Пас, давлат хамчун кафили хукуку озодихои инсон барои хифзи шаъну шараф ва эътибори кории хар шахс ухдадори ва масъулият бар душ дорад. Барои ичрои дахлдори ин ухдадори макомоти конунгузор дар санадхои меъёрии хукуки кафолатхои хифзи хукуки хар шахсро ба шаъну шараф ва эътибори кори пешбини ва мустахкам мекунанд. Барои вайрон кардани онхо чавобгари пешбини шудааст. Вале инро низ бояд кайд созем, ки хукук на танхо чихатхои манфии ин хукуки субъективии шахсро танзим мекунад.
[1] Ниг.: Тагойназаров Ш.Т. Право на честь, достоинство и деловой репутации// Давлат ва хукук. 2000, №3. – сах. 29
[2] Ниг.: К.Маркс, Ф.Энгелс. Соч. Том 22. – сах.367