Отправляет email-рассылки с помощью сервиса Sendsay

kurviq (kurviq)

О себе

Дата рождения: 02.09.1982
Образование:  Степень, аспирантура, адьюнктура
В авторах с: 01.1995
Сайт автора: http://www.marketvideosell.ru/dacha-sad-ogorod/291-teplica-svoimi-rukami.html
О себе:
3.  тартиб ва мӯҳлатҳои баровардани аҳолӣ  аз нуқтаи фосилавии эавакуатсия ба маҳалҳои ҷойгиршавии доимӣ; 4. огоҳии идоракӯнӣ ва хабардоркунӣ.Ситоди мудофиаи гражданӣ, баъди  қабули фармони ситоди болои мудофиаи гражданӣ, нақшаи тақсимоти обекҳои мудофиаи гражданиро дида мебароянд, ки оиди масъалаҳои ташкил ва гузарониданӣ  ҷойгиркуни ва эвакуатсия мебошад.Ташкили ҷойгиркуни ва эвакуатсияДар асоси нақшаи  ҷойгиркуни ва эвакуатсия чунин чорабиниҳо гузаронида мешаванд.-  ташкил намудан ва дастгири намудани нуқтаҳои идоракуни доимо тайёр буда; - воситаҳои алоқа ва хабардоркӯнӣ;- тайёркуни тамоми намудани нақлиёт, стансияҳо ва нуқтаҳои шинондан ва фаровардан, роҳҳои нақлиёти ва пиёдагарди, нуқтаҳои фосилаи эвакуатсионӣ ва маҳаллаҳои ҷойгиршавӣ аз шаҳр берун;-  муайянкунии биноҳо ва иншоотҳо барои истифода бурдан дар сифати паноҳгоҳи зиди радиотсионӣ;- сохтан ва таҷҳизонидан бо сарчашмаҳои обӣ;-  тайёркуни ва гузаронидани дигар намуди чорабиниҳои оиди бо мувафақият гузаронидани ҷойгиркунии ва эвакуатсия. Бо мақсади ташкил кардан ва гузаронидани машқҳои амали ҷойгиркунӣва эвакуатсияи аҳолӣ  дар  ҳолати пайдошавии таҳдидҳои воситаҳои мағлубияти замонавӣ  аз тарафи душман ё дар  ҳолати пайдошавии таҳдиди ҳолатҳои фавқулодда дар низоми мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мақамоти эвакуатсионӣ ташкил меёбанд.Мақамоти эавкуатсионӣ:1. комиссияҳои эвакуатсионӣ (КЭ);2. нуқтаҳои ҷамъшавии эвакуатсионӣ (НҶЭ);3. комиссияи қабули эавкуатсионӣ (КҚЭ);4. нуқтаҳои қабули эвакуатсионӣ (НПЭ);Мақомоти эавкуатсияонӣ  дар асоси фармонҳои (қарорҳо, фармонҳо, супоришҳо),  ҳокимияти давлатӣ  ва худидоракуниҳои маҳаллӣ, роҳбарони вазоратҳои дахлдор ва ташкилотҳои бармаҳал дар давраи осоишта, ташкил карда мешаванд. Иштирок дар ба нақшагирии чорабиниҳо оиди  ҷойгиркунӣ  ва эвакуатсияи аҳолӣ  вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти эвакуатсионӣ  ва пеш аз ҳама комиссияҳои эавкуатсиониро ташкил мекунад.Комиссияҳои эвакуатсионӣКомиссияҳои эвакуатсионӣ  барои ташкил ва гузаронидани  ҷойгиркунӣва эвакуатсияи аҳолӣ, инчунин  –  барои ташкил намудани назорат аз болои ҳаматарафа гузаронидани чорабиниҳои эвакуатсионӣ  муқаррар карда шудаанд.Комиссияҳои эавкуатсионӣ  ҷавобгари иҷроиши нақшавии тамоми комплекси чорабиниҳо оиди  ҷойгиркунии ва эвакуатсияи аҳолиро ба души худ доранд.Комисссияҳои эвакуатсионӣ  -  мақомотҳои  Ҳокимияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукуматҳои дахлдор вазоратҳо ва ташкилотҳо ҳисоб мешаванд.Комиссияҳои эвакуатсионӣ  бевосита ба он сардорони тобеъ мешаванд, ки барои ташкилшавии онҳо иҷозат ё фармон додаанд.Нуқтаҳои ҳозиршавии эвакуатсионӣ.Нуқтаҳои  ҳозиршавии эвакуатсионӣ  барои  ҷамъ намудан ва бақайдгирии аҳолии  ҷойгиркардашуда ва эвакуатсия карда шуда инчунин барои фиристонидани онҳо ба минтақаи берун аз шаҳр пешбинӣ  карда шудааст.Вазифаҳои нуқтаҳои эавкуатсионӣ:1.  Бақайдгирии аҳолї  ба нуқтаҳо омада  ҷойгиркунии онҳо дар калонаҳои автомобили, поездҳо ва вагонҳо инчунин фиристондан ба нуқтаҳо шинондан ташкил кардани калонаҳо ва фиристондани онҳо ба нуқтаҳои муайяншуда;2.  ҳисоби аҳолӣ  ҷойгиркарда ва эвакуатсия кардашуданд ба минтақаҳои берун аз шаҳр ба нақлиёт ва пиёда;3.  маълумоти шароити аҳолӣ  дар нуқтаҳои  ҳозиршави, эвакуатсионӣрасонидани бонги хатар ва паноҳ кардани дар биноҳои муҳофизатӣ;4.  расонидани ёрии якуми таъҷили ба шахсони касал ва зарарёфтае, ки дар ноҳияҳои эвакуатсияшуда ҳозиранд;5.  таъмин кардани тартибот Нуқтаҳои  ҳозиршавии эвакуатсияонӣ  ва гирду атрофии он.Нуқтаҳои  ҳозиршавии эвакуатсияонӣ  муҳимтарин  қисми  ҳарбии мақомотҳои  ҳарбии эвакуатсионӣ  ба  ҳисоб мераванд ва аз ташкили дурусти онҳо тамоми онҳо ҷараёни эвакуатсия вобастагӣ дорад.